Мавқеи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар давраи ҷаҳонишавӣ
Душанбе, 26.0,2014 (АМИТ, «Ховар», Назири Назир).- 25-уми сентябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси кумита Ойхон Шарифова, сардорони бахшҳо ва дигар мутахассисону кормандони воҳидҳои сохтории кумитаи мазкур семинари омӯзишии навбатӣ доир гардид.
Мавзӯи семинар «Мавқеи давлатии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар давраи ҷаҳонишавӣ, таърихи ин мақом ва вазифаю талаботи имрӯзаи он» буда, аз ҷониби сардори Маркази ахбори экологӣ Гулрухсор Тиллоева гузаронида шуд.
Мавзӯи семинар, ки дар шакли муаррифӣ ва бо сабки баёни содда ҷараён гирифт, диққати иштирокдоронро ба худ ҷалб намуд. Сипас дар доираи мавзӯи матраҳшуда суолу ҷавоб сурат гирифта, командони собиқадор андешаҳои хешро ҷиҳати равшан сохтани паҳлӯҳои мавзӯи мавриди назар баён доштанд.
Дар семинар муовини раиси кумита О. Шарифова дар масъалаи мавқеи давлатии Кумита дар замони ҷаҳонишавӣ сухан гуфта, зикр кард, ки ҳар як корманди соҳа бояд аз таҷрибаву коргузории бахши экологии давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба хубӣ огоҳ бошад ва аз таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳон дар фаъолияти худ барои беҳбудии кор истифода намояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






