Мавлавихонӣ дар Иттифоқи нависандагон

Сентябрь 23, 2014 09:10

Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзи 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 
«Мавлавихонӣ» доир мегардад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар  иштирокдорони чорабинии мазкур аз ашъори шоири маҳбуб Мавлавии Балхӣ шеърҳо қироат менамоянд.
Дар чорабинӣ Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» таҳти роҳбарии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон иштирок менамояд.
Ёдрас мешавем, ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тахминан соли 1207 дар Балх ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Номаш Аҳмад Ҷалолиддин буда, бо лақаби Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо аз Балх ба Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Хиҷоз мекӯчад. Соли 1232 дар назди Бурҳониддини Тирмизӣ илми тасаввуфро аз худ мекунад. Ҷалолиддини Румӣ соли 1273 дар Кунили Рум вафот мекунад. Бузургтарин асари ӯ «Маснавии Мавлавӣ»-ст, ки соли 1259 ба  навиштани он сар карда, зиёда аз 10 сол ба эҷоди он машғул гаштааст. Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуфӣ мебошанд.Аз шоир ба мо 50 ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.
Ба ғайр аз ин Ҷалолиддини Румӣ  аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст. Ӯ ҳамчунин  «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», Фиҳи мо фиҳи»-ро низ таълиф намудааст, ки бо мероси  адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст.

Сентябрь 23, 2014 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд