Мавлавихонӣ дар Иттифоқи нависандагон
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзи 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
«Мавлавихонӣ» доир мегардад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар иштирокдорони чорабинии мазкур аз ашъори шоири маҳбуб Мавлавии Балхӣ шеърҳо қироат менамоянд.
Дар чорабинӣ Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» таҳти роҳбарии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон иштирок менамояд.
Ёдрас мешавем, ки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тахминан соли 1207 дар Балх ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Номаш Аҳмад Ҷалолиддин буда, бо лақаби Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо аз Балх ба Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Хиҷоз мекӯчад. Соли 1232 дар назди Бурҳониддини Тирмизӣ илми тасаввуфро аз худ мекунад. Ҷалолиддини Румӣ соли 1273 дар Кунили Рум вафот мекунад. Бузургтарин асари ӯ «Маснавии Мавлавӣ»-ст, ки соли 1259 ба навиштани он сар карда, зиёда аз 10 сол ба эҷоди он машғул гаштааст. Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуфӣ мебошанд.Аз шоир ба мо 50 ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.
Ба ғайр аз ин Ҷалолиддини Румӣ аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст. Ӯ ҳамчунин «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», Фиҳи мо фиҳи»-ро низ таълиф намудааст, ки бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






