Медали тиллои варзишгари тоҷик аз мусобиқоти Аврупо

Сентябрь 15, 2014 16:43

Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Фарзод Нуруллоев, варзишгари ҷавони тоҷик аз шаҳри Истанбули Туркия бо медали тилло баргашт.
Ӯ дар чемпионати Аврупо оид ба намуди  варзишии каратэ-кёкушинкай Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, байни намояндагони 16 давлати дунё  ва зиёда аз 200 нафар  варзишгар дар вазни 55 кг бар ҳарифони худ аз Ироқ, Туркия, Доғистони Федератсияи Русия дар бозиҳои ҳалкунанда дастболо гашта, ҷои аввал ва медали тиллоро ба даст овард ва чемпиони Аврупо гардид.
Гуфта мешавад, ки Фарзод Нуруллоев инчунин камарбанди сиёҳи дараҷаи аввалро сазовор шуд.
Қобили тазаккур аст, ки Фарзод  соҳиби Ҷоми ҷаҳон ва унвони Устоди варзиши ҷумҳурӣ мебошад.
 

Сентябрь 15, 2014 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад