Муҳимтарин ахбори олам

Сентябрь 3, 2014 17:11

       Душанбе,03.09.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ),-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си ҳафтаи гузашта кормандони мақомоти қудратии Арабистони Саудӣ  88 нафар терористро боздошт карданд, ки қасд доштани  ҳамлаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар тарҳрезӣ намоянд. 
 
   Душанбе, 03.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Рӯзи 2-юми сентябр гурӯҳи «Давлати Исломӣ» видеоеро нашр кард, ки зоҳиран сар буридани Стивен Сотлоф, як хабарнигори дигари амрикоиро нишон медод. Гуфта мешавад, ки дар ин навор онҳо ба кишварҳои ҷаҳон ҳушдор медиҳанд, ки дар ҷанги Амрико алайҳи «Давлати Исломӣ» ҳамроҳ нашаванд.
 
Душанбе,03.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Президенти Ҷумҳурии Амрико Барак Обама дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Ҳендрик Илвес итминон  додааст, ки кишвараш ба аҳди ногусастаниаш барои кумак дар таъмини амнияти кишварҳои соҳили Балтик ва ҳар узви дигари НАТО содиқ аст. 
 
  Душанбе,03.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Тӯли чанд рӯз аст, ки хадамоти  амнияти миллии Қазоқистон ба таҳқиқи қазия ва ҷустуҷӯи  зарфи маводи радиоактиви сезий 137-и хатарнок шурӯъ кардааст.Бояд гуфт, ки  ин маводи заҳрогинро ҳангоми интиқол бо мошини боркаш рӯзи 27-уми август гум  кардаанд. 
 
 
Душанбе,03.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Ҳафтаи гузашта дар даргириҳо миёни неруҳои пулис ва тазоҳургарон дар шаҳри Исломобод — пойтахти Покистон 3 нафар ба қатл расида, чанд тани дигар  маҷруҳ шуд. Хабарнигорони дохили кишвар мегӯянд, ки сабаби даргириҳо ва тазоҳурот дар он аст, ки сарвазири кишвар  Навоз Шариф ба истеъфо равад. Мақомот шумораи захмиёнро беш аз 400 тан меҳисобанд.

Сентябрь 3, 2014 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад