Муҳимтарин ахбори олам
Душанбе,03.09.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ),-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си ҳафтаи гузашта кормандони мақомоти қудратии Арабистони Саудӣ 88 нафар терористро боздошт карданд, ки қасд доштани ҳамлаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар тарҳрезӣ намоянд.
Душанбе, 03.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Рӯзи 2-юми сентябр гурӯҳи «Давлати Исломӣ» видеоеро нашр кард, ки зоҳиран сар буридани Стивен Сотлоф, як хабарнигори дигари амрикоиро нишон медод. Гуфта мешавад, ки дар ин навор онҳо ба кишварҳои ҷаҳон ҳушдор медиҳанд, ки дар ҷанги Амрико алайҳи «Давлати Исломӣ» ҳамроҳ нашаванд.
Душанбе,03.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Президенти Ҷумҳурии Амрико Барак Обама дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Ҳендрик Илвес итминон додааст, ки кишвараш ба аҳди ногусастаниаш барои кумак дар таъмини амнияти кишварҳои соҳили Балтик ва ҳар узви дигари НАТО содиқ аст.
Душанбе,03.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Тӯли чанд рӯз аст, ки хадамоти амнияти миллии Қазоқистон ба таҳқиқи қазия ва ҷустуҷӯи зарфи маводи радиоактиви сезий 137-и хатарнок шурӯъ кардааст.Бояд гуфт, ки ин маводи заҳрогинро ҳангоми интиқол бо мошини боркаш рӯзи 27-уми август гум кардаанд.
Душанбе,03.09.2014. (АМИТ «Ховар»,)- Ҳафтаи гузашта дар даргириҳо миёни неруҳои пулис ва тазоҳургарон дар шаҳри Исломобод — пойтахти Покистон 3 нафар ба қатл расида, чанд тани дигар маҷруҳ шуд. Хабарнигорони дохили кишвар мегӯянд, ки сабаби даргириҳо ва тазоҳурот дар он аст, ки сарвазири кишвар Навоз Шариф ба истеъфо равад. Мақомот шумораи захмиёнро беш аз 400 тан меҳисобанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






