«Муҳоҷират ва саломатӣ»-семинар
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилояти Хатлон ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират семинари омўзишӣ дар мавзўи «Муҳоҷират ва саломатӣ» гузаронида шуд. Иштирокчиёни он оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, қонуну қоидаҳои муҳоҷират ва бемориҳои сирояткунанда маълумоти кофӣ гирифтанд.
Роҳбари Маркази мусоидат ба муҳоҷирон вобаста ба қонунҳои нави ФР, дар хусуси донишу малака, забондонӣ ва маълумотнокии сокинони кишвар ва бемориҳои гузаранда сухан гуфт.
Мудирони бахшҳо аз шаҳрҳои Қўрғонтеппаву Сарбанд ва ноҳияҳои Вахшу Бохтар, А.Ҷомӣ, Ҷ.Румӣ дар семинар ширкат карда, илова намуданд, ки назар ба солҳои пешин кор дар самти фаҳмондадиҳии мардум нисбат ба муҳоҷирати меҳнатӣ, қоидаҳои сафар, тағйироту иловаҳо дар қонунҳои давлатҳои корфармо беҳтар гардидааст.
Дар ин бора аз шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






