Муҳокимаи масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Муоҳадаи Гаага
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Имрӯз, 25 сентябр, дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Дабири кулли конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии инфиродӣ Кристоф Бернаскони баргузор мегардад.
Тавре ки аз Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс масоили пайвастани Тоҷикистон ба Муоҳадаи Гаага дар бораи Апостил, ҳамчунин пешниҳодот аз рӯи масъалаи чорабиниҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Муоҳадаи мазкур, ки талаби қонунӣ кардани ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро ба манзури осон гардонидани ҷараёни эътироф шудани онҳо бекор менамояд, соли 1961 дар пойтахти Нидерланд шаҳри Гаага имзо шуда буд. Корпоратсияи байналмилалии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ ҳукумати Тоҷикистонро дар раванди пайвастан ба Муоҳадаи мазкур пуштибонӣ мекунад.
Тарҷумон – Шарифзода М.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






