Муаллим- афрӯзандаи чароғи илму дониш

Сентябрь 1, 2014 15:59

Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода).-«Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд. Бинобар ин, дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ва илми кишвар маҳсуб меёбад», — зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронии хеш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон.
«Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки рисолат ва вазифаи муҳимтарини падару модарон тарбияи хуб, ёд додани адаб ба фарзанд ва таъмини шароити мусоид барои ӯ мебошад.
Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгорон омезиш ёбад, фарзандон, албатта, таълиму тарбияи дуруст мегиранд ва ба роҳи рост ҳидоят мегарданд.
Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд.
Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад», — гуфт Сарвари давлат.
 

Сентябрь 1, 2014 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад