Муаррифии СD-диск «Роҳнамои соҳибкор-2014»
Душанбе, 6.09.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ СD-диск, ки таҳти унвони “Роҳнамои соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон-2014” таҳия гардидааст, муаррифӣ шуд. СD-диски мазкур бо забонҳои русию англисӣ мунташир гардида, иттилооти мукаммалро доир ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд овардааст. CD-диск аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати кишвар барои доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон мунташир шуда, он ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 11-12 сентябр дар Душанбе доир мегардад, бахшида шудааст. Ҳадафи аслии СD-диск муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ, фазои сармоягузорӣ ва соҳибкории кишвар, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷист. Дар СД- диск маълумоти мукаммал доир ба иқтидори захираҳои табиии кишвар, доираҳои соҳибкории Тоҷикистон, инчунин феҳрасти мақомоти давлатӣ, бонкҳо, ширкатҳо ҷамъ оварда шудааст. Ҳамзамон муштариён имкон доранд аз СD-диск иттилои пурраро оид ба узвияти Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои шаҳрвандӣ, андоз ва гумрук ва дигар санадҳои марбут ба фазои сармоягузориро дастрас намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






