Муаррифии «Такрори таронаи борон»
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд муаррифии китоби тозанашри устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, шоир Нуралӣ Нурзод таҳти унвони «Такрори таронаи баҳор» доир гардид.
Дар ҷамъомад устодону олимони донишгоҳ Субҳони Аъзамзод, Маҳмадшо Маҳмадшоев, Мӯсо Олимҷонов, Баҳром Мирсаидов, Сурайё Ҳакимова, Ромиз Абдуллоев ва дигарон дар бораи фаъолияти эҷодии муҳаққиқ, шоир ва рӯзноманигори хушсалиқа Нуралӣ Нурзод, ки наздики бист сол аст ба нақду таҳқиқ ва шарҳу маърифати осори адабӣ мепардозад, андешаҳояшонро баён намуданд. Зикр гардид, ки Нуралӣ Нурзод ба тарзи нав ва зинаҳои шеъри сапед алоқаманд буда, тавонист, ки дар сурудани он низ муваффақ шавад.
Маҷмӯаи ашъори сеюми Нуралӣ Нурзод «Такрори таронаи борон» таҷассумгари афкори шоирона ва маҳсули таҷрибаи андӯхтаи ӯ дар коргоҳи эҷоду маърифаташ ба ҳисоб меравад. Аз намунаҳои ашъори шоир маълум мегардад, ки Нуралӣ Нурзод ба ҳаёти ҷомеаи кунунии мо дидгоҳҳои хоси хешро дорад. Ҳамин равиш ва нигоҳи хосса барои ноил шудан ба истиқлоли назараш ёрмандӣ намудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






