Мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи аграрӣ

Сентябрь 2, 2014 16:56

Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ва вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар ҷаласаи тантанавӣ ҷиҳати супоридани ҷоизаҳои давлатӣ ба кормандони вазорат баргузор гардид.
Қосим Роҳбар саҳми арзандаи кишоварзону кормандони Вазорати кишоварзии мамлакат ва олимону мутахассисони соҳаро дар таҳкими амнияти озуқаворӣ ва тақвияти истиқлолияти ватанамон арзёбӣ намуда, аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагӣ ва қадрдонии  ҳамкорон изҳори миннатдорӣ намуд. 
Тавре  ки аз дафтари матбуоти вазорат иттилоъ доданд, муовини Сарвазир дар вазъияти тантанавӣ муовини сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишварзӣ Холназар Одинаевро бо «Ордени шараф, дараҷаи 2» ва сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ, Улҷон Маллаеваро бо «Ифтихорнома» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид.
Қосим Роҳбар оид ба вазифаҳои пурмасъулияти кишоварзону кормандони вазорат ва зерсохторҳои он дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат сухан ронда, баҳри амалӣ намудани сиёсати аграрии давлату ҳукумат ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа комёбиҳо орзу намуд.
 
 
 
 
 

Сентябрь 2, 2014 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад