Мулоқот дар Алачабофон

Сентябрь 16, 2014 09:24

Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони  Раёсати Хадамоти  муҳоҷират дар  шаҳри  Душанбе дирӯз дар масҷиди ҷомеи «Сари Осиё»- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаста ба ворид гардидани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, супоридани имтиҳон аз забони русӣ ва таърихи Русия, будубоши онҳо, ҳуҷҷатнигорӣ, инчунин пурзўр намудани корҳои иттилоотию — фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон — муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот доир намуданд.  Дар он намозгузорони ҳамин масҷид, шаҳрвандон, муҳоҷирони — меҳнатӣ ширкат варзиданд.
  Корманди  Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Анвар Носиров хабар дод, ки дар вохўрӣ корманди Раёсати Хадамоти муҳоҷират ба саволҳои ҷамъомадагон  ҷавоб дод. Зикр шуд, ки дар Хадамоти муҳоҷират махзани маълумот, яъне рўйхати шахсоне, ки ба онҳо ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Русия манъ аст, мавҷуд буда, шаҳрвандон метавонанд ройгон маълумоти заруриро пайдо намоянд.      
Дар мулоқот имом — хатиби масҷид Маъруф Раҳимов сухан гуфт. 
Инчунин бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсӣ ба наздикӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №17 бо иштироки муаллимон ва фаъолони маҳаллаи Алачабофон оид ба ворид гардидани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши онҳо, ҳуҷҷатнигорӣ, инчунин пурзўр намудани корҳои иттилоотию-фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ вохўрӣ баргузор гардид.
  Дар мулоқот корманди Раёсати Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандонро бо қонунгузории нави Федератсияи Русия ошно намуд. 
     Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд. 
 
 

Сентябрь 16, 2014 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад