Мулоқот дар Алачабофон
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дирӯз дар масҷиди ҷомеи «Сари Осиё»- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаста ба ворид гардидани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, супоридани имтиҳон аз забони русӣ ва таърихи Русия, будубоши онҳо, ҳуҷҷатнигорӣ, инчунин пурзўр намудани корҳои иттилоотию — фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон — муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот доир намуданд. Дар он намозгузорони ҳамин масҷид, шаҳрвандон, муҳоҷирони — меҳнатӣ ширкат варзиданд.
Корманди Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе Анвар Носиров хабар дод, ки дар вохўрӣ корманди Раёсати Хадамоти муҳоҷират ба саволҳои ҷамъомадагон ҷавоб дод. Зикр шуд, ки дар Хадамоти муҳоҷират махзани маълумот, яъне рўйхати шахсоне, ки ба онҳо ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Русия манъ аст, мавҷуд буда, шаҳрвандон метавонанд ройгон маълумоти заруриро пайдо намоянд.
Дар мулоқот имом — хатиби масҷид Маъруф Раҳимов сухан гуфт.
Инчунин бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсӣ ба наздикӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №17 бо иштироки муаллимон ва фаъолони маҳаллаи Алачабофон оид ба ворид гардидани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши онҳо, ҳуҷҷатнигорӣ, инчунин пурзўр намудани корҳои иттилоотию-фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ вохўрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот корманди Раёсати Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандонро бо қонунгузории нави Федератсияи Русия ошно намуд.
Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






