Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Патрисиа Виверс Картер

Сентябрь 19, 2014 15:52

Душанбе, 19.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ-намояндаи доимии Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Патрисиа Виверс Картер ва сардори бахши энергетикаи бонки мазкур Ранҷит Ламек мулоқот кард.
         Дар мулоқот аз сатҳи ҳамкориҳои кунунии Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ шуда, таъкид гардид, ки дар оянда ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам таҳким бахшида хоҳанд шуд.
         Ҷонибҳо  зимни мулоқот вобаста ба масоили иштироки Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи лоиҳаи сохтмони хати барқи баланшиддати КАСА-1000, ҳамкории судманд бо дигар ташкилоту идораҳои бузурги молиявӣ дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги минтақавӣ ва доир ба масоили татбиқи лоиҳаи барномаи кам кардани талафоти неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  табодули афкор карданд.

Сентябрь 19, 2014 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст