Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Си Ҷинпин

Сентябрь 13, 2014 14:51

Душанбе, 13.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар доираи  сафари давлатии Раиси  Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хоссаи меҳмони олиқадр бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир гардид.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои  ҳамкориҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф  ва фарҳанг баррасӣ  шуд. Ҷонибҳо аз сатҳу сифати кунунии ҳамкориҳои ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, барои доираҳои  бештарро  фаро гирифтани ҳамкориҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ зарурати фаъолнокгардонии кори комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ махсус таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон доир ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна, равобити байнибонкӣ, коркард ва нигоҳдории  маҳсулоти кишоварзӣ табодули афкор сурат гирифт.

 
 

Сентябрь 13, 2014 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад