Мулоқоти Д. Саид бо сафири Амрико дар Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2014 13:50

Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз  муовини якуми Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сафири Амрико  дар  Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиот мулоқот кард.
Дар мулоқот  масоили  ҳамкории  дуҷониба, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳои муштарак барои   татбиқи  лоиҳаи хатти барқии CASA-1000 баррасӣ шуд.
Тавре таъкид шуд, ҷониби Тоҷикистон  аз ҳамкории ҳарду кишвар дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги минтақавӣ  изҳори қанотмандӣ менамояд.
Қайд  кардан  ба маврид аст,  ки аз ҳисоби Агентии рушди байналмилаллии Амрико 7,5 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи ин лоиҳа  ҷудо шудааст. Ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи ин лоиҳа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намуда,  Бонки исломии Рушд бошад,  типқи нақша барои амалӣ шудани ин тарҳи бузурги минтақавӣ 70 миллион доллари амирикоӣ  сарамоягузорӣ менамояд. 
Хотиррасон мекунем, ки арзиши  қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 314 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи ин лоиҳа бо Хазинаи  “Рушди иқтисодии Араб”,  Хазинаи “Саудии Рушд”, Хазинаи “ОПЕК”, Хазинаи “Абӯдабби”, Хазинаи “Қатар” ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ  ҳамкории судманд дорад.  

Сентябрь 18, 2014 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад