Мулоқоти Э. Раҳмон бо Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ ва Намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистон
Душанбе, 4.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа ва Намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози суҳбат Сароҷ Кумар Ҷҳа ва Намояндаи нави бонк дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.
Зимни мулоқот доир ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи нави ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018, ки ҷудо намудани 255 миллион доллари амрикоиро, асосан дар шакли грант дар назар дорад, гуфтугӯйи созанда сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло бо назардошти маблағҳои фондҳои трастӣ 14 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 232 миллион доллари амрикоӣ таҳти назари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки барои таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим мебошанд. Ин лоиҳаҳо ба ислоҳот дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ ва макроиқтисодиёт, инфрасохтор, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, таъминоти об, маъмурикунонии низоми андоз ва кадастри замин равона шудаанд.
Чунонки зикр гардид, дастгирии бахши хусусӣ тавассути беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини дастрасии мардум ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз афзалиятҳои кори Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аст.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






