Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ
Душанбе, 18.09.2014 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи Давлати Қатарро, ки бо роҳбарии раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издон шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуд.
Шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ зимни ибрози ҳадафҳои ин ҳайати бонуфуз, аз ҷумла иттилоъ дод, ки Давлати Қатар омода аст бо Тоҷикистон дар бахшҳои бонкдорӣ, суғурта, тандурустӣ ва ҳам дар татбиқи лоиҳаҳои судбахши кишвари мо иштироки фаъол дошта бошад. Ба иттилои ӯ сохтмон ва фаъол гардондани як бонк, ки бо низоми бонкдории исломӣ фаъолият хоҳад дошт, як шифохонаи муосир ва дигар корҳо аз иқдомҳое мебошанд, ки барои татбиқи амалиашон аз ҷониби Қатар аллакай тасмим гирифта шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Қатар баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки ҳолдинги Издон, дигар ширкатҳои бонуфуз ва ҳам сохторҳои гуногуни ин кишвар барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон тасмимҳои судбахш хоҳанд дошт, зеро заминаи мусоиди рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳам фарҳангӣ миёни ин ду давлати дӯст муҳайё аст.
Ҳарду ҷониб ба ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






