Мулоқоти М. Ҷабборӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа

Сентябрь 26, 2014 16:55

Душанбе, 26.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, ки роҳбарии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкил ва сафарбаркунии давъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, имрӯз дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар ҷаласаи Комиссияи мазкурро гузаронд.
Дар ҷаласа муовини сардори комиссия -сардори раёсати ташкилию мобилии ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ генерал-майор Хушвахт Мироваров, муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки барои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ масъуланд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи тандурустӣ иштирок доштанд.
Муовини Сарвазир таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба муоинаи босифати тиббии ҷавононе, ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар даъват мешаванд, кори мақомоти маҳаллӣ дар бахши ҳарбию ватандӯстӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҷалб намуда, таъкид кард, ки дар масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бояд ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон таъмин шуда, ба қонуншиканиҳо дар ин самт роҳ дода нашавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2014 ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ шаҳрвандон-ҷавонписарони кишвар, ки синнашон ба 18 ва аз он боло расидааст, даъват мешаванд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини Сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ ба масъулини сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 
 
 

Сентябрь 26, 2014 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад