Мулоқоти М.Неъматов бо Райнер Линднер
Душанбе, 27.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дирӯз бо директори идории Кумитаи Шарқи Иқтисоди Олмон профессор Райнер Линднер вохӯрии корӣ анҷом дод. Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба матраҳ гардида, имкониятҳои нави ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳи ҳамкориҳо миёни ду кишвар изҳор намуда, ҳамзамон қайд намуданд, ки барои вусъати ҳамшарикӣ миёни Тоҷикистону Олмон заминаҳои хуби ҳамкорӣ вуҷуд доранд.
Маликшо Неъматов дар навбати худ изҳор дошт, ки баргузории форуми иқтисодӣ, ки 14-15 моҳи октябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, барои доираҳои соҳибкории Олмон ва шиносоӣ аз зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон имконияти хеле хуб ба ҳисоб меравад. Райнер Линднер қайд намуд, ки бо имкониятҳои дар даст дошта ҷиҳати ҷалби доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории Олмон барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Кумитаи Шарқи Иқтисоди Олмон яке аз муассисаҳои бонуфузи машваратии Олмон ба ҳисоб меравад, ки дар ҳамкорӣ бо ҳукумати федеролӣ зиёда аз 250 корхонаҳои хурду бузурги соҳибкориро муттаҳид намуда, бо 21 кишварҳои ҷаҳон, бахусус Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Олмон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






