Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Кристоф Бернасконӣ

Сентябрь 25, 2014 16:17

 
      Душанбе, 25.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага барои Тоҷикистон қадами муҳим ба  сӯи унификатсия (мутобиқсозӣ)-и қонунгузории миллӣ дар ин соҳа бо принсипҳои хусусию ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин мусоидат ба иштироки фаъолонаи намояндагони ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси  Гаага оид ба ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ хоҳад буд». Ин матлабро  Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоташ бо Кристоф Бернасконӣ-  Дабири кулли Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ  25 сентябр дар Душанбе зикр кард.              
           Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки аз соли 2007 инҷониб  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага иқдом менамояд. Аз январи соли 2013 то ба имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ фаъолона амал мекунад, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар шомил аст. Зикр шуд, ки  тавсияҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчи зудтар ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур таҳия  шудаанд. 
          Кристоф Бернасконӣ-  Дабири кулли Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии  хусусӣ изҳори умедворӣ карда гуфт, ки  зимни раёсати Шукурҷон Зуҳуров дар ин мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон заминаи мусоид барои тақвияти  ҳамкориҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҳамаи бахшҳои Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ба вуҷуд хоҳад омад. 
К. Бернасконӣ афзуд, ки дар сурати қабул шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага  дар рӯйхати ин конфронс  Тоҷикистон зинаи 145-умро ишғол менамояд.

 

Сентябрь 25, 2014 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст