Мусобиқаи футбол дар варзишгоҳи ДТТ

Сентябрь 22, 2014 10:56

 Душанбе, 22.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бахшида ба соли оммавияти футбол  ва ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи варзишӣ ва ватандўстии  устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ  ва бо иштироки намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар варзишгоҳи факултаи «Сохтмон ва меъморӣ»-и ДДТ  байни кафедраҳои факулта мусобиқаи футбол баргузор гардид.
    Мусобиқаи футбол  байни 10 кафедраи факулта баргузор гардида, мақоми аввал насиби кафедраи «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ», ҷойи дуюм насиби кафедраи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва конструксияҳо» шуд ва кафедраи «Меъморӣ ва дизайн» сазовори ҷойи сеюм гардид.
Бино ба иттилои роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур Боймурод Боев, дар анҷоми бозӣ ғолибон бо «Ҷоми футбол», туҳфаҳои хотиравӣ ва «Ифтихорнома»-ҳо қадрдонӣ  шуданд.
     Дар назар аст кафедраҳое, ки ҷойҳои намоёнро дар мусобиқаи футбол ишғол намудаанд, бо дигар кафедраҳои факултаҳои донишгоҳ  дар давоми сол қувваозмоӣ хоҳанд намуд. 

Сентябрь 22, 2014 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад