Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Истиқлолият

Сентябрь 1, 2014 09:58

Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Бахшида ба 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони вазири мудофиаи мамлакат рӯзҳои 28-ум ва 29-уми августи соли равон байни хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии гарнизони Душанбе мусобиқаи варзишӣ доир гардид.
Мусобиқаи мазкур бо иштироки масъулини соҳа ва Оркестри ҳарбии Вазорати мудофиа дар Клуби марказии варзиши артиш «Политехникум» ҷараён гирифта, он аз рӯи намудҳои футбол ва бисёрҳарба — давидан ба масофаи 100 м, турниккашӣ, инчунин дигар намудҳои варзиши сабук ба роҳ монда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ташкили ин гуна мусобиқаҳои варзишӣ дар таҳкими дӯстию рафоқат байни хизматчиёни ҳарбӣ нақши муассир гузошта, тарғибгари тарзи ҳаёти солим мебошад ва дар рушду нумӯи равонӣ ва ҷисмонии сарбозон мусоидат мекунад.
Ҷараён ва даври ниҳоии мусобиқаро масъулини дахлдори соҳа ва аъзои ҳакамон назорат намуда, онро холисона ҷамъбаст намуданд. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати мудофиа иттилоъ доданд. 

Сентябрь 1, 2014 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад