Мусоидати дружиначиён ба пешгирии ҷиноят
Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода Муҳаммадшоҳ Искандаров ва раиси шаҳри мазкур Табарзодаи Бобоалӣ сафороии дружинаҳои ихтиёрӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Турсунзода, дружинаҳои ихтиёрӣ ва нозирони ҷавони роҳ иштирок намуданд.
М. Искандаров зикр намуд, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеа дар муддати 7 моҳи соли ҷорӣ ошкоршавии ҷиноятҳо 8,2 фоиз беҳтар гардида, аз 285 ҷинояти ба ҳисоб гирифташуда 248 ҷиноят ошкор шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар аст. Содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 21,7 фоиз кам гардида, содиршавии ҷиноятҳо дар ҳолати ноаёнӣ, дар ҳолати мастӣ, одамкушӣ, қаллобӣ 12,8 фоиз, дуздӣ 21,5 фоиз кам гардидааст. Бояд зикр намуд, ки сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода М. Искандаров дар маросими тантанавӣ барои мусоидат дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба 250 нафар шаҳрванди ҷавон нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи дружиначии ихтиёрӣ супорид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






