Н.Давлатзода ба Ереван рафт
Душанбе, 24.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Фардо, 25 сентябр дар Ереван пойтахти Арманистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти андози кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти андози кишварҳои ИДМ баррасӣ гардида, дар ин самт қарорҳои марбута қабул хоҳанд шуд.
Аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии сохторҳои андози ИДМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Давлатзода Нусратулло Муқим намояндагӣ менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






