Н. Назарбоев: Масъалаи марзӣ миёни давлатҳои аъзои СҲШ муҳимтарин аст
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).-Дар ҷараёни ҳамоиши васеи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни суханрониаш як силсила масоили муҳимро номбар кард, ки ҳалли онҳо бояд дар шароити ноустувори ҷуғрофиёи сиёсӣ ва вазъи ҷуғрофиёи иқтисодии ҷаҳон ҳадафи афзалиятноки СҲШ гардад. Н. Назарбоев масъалаи мушкилоти марзиро миёни давлатҳои аъзои СҲШ муҳимтарини онҳо номид. Ӯ инчунин изҳор дошт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ самти муҳими ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ ба шумор меравад.Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон илова намуд, ки масъалаи норасоии об омили асосии таъсир ба субот ва амнияти минтақа маҳсуб мешавад. Дар робита ба ин Н. Назарбоев изҳор намуд, ки пешниҳоди ҷониби Қазоқистон дар бораи таъсиси Кумитаи об метавонад механизми амалии ҳамкорӣ дар ҳалли ин мушкилот гардад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






