Нақшаҳои азими ду кишвари ҳамсоя ва имкони воридшавии 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон
Душанбе, 13.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нимаю дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин расман оғоз бахшиданд. Мавриди зикри хос аст, ки дар рафти сохтмони ин иншоот ва татбиқи амалии ҳамаи санадҳои миёни ду кишвар ба имзорасида ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид мешавад.Сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя-Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин нахуст ба маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе ташриф оварда, агрегати дуюми навбати аввали онро бо пахши тугма ба кор дароварданд. Бо фаъол гардидани агрегати дуюм иқтидори барқии ин марказ ба 100 мегаватт баробар шуд.Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони навбати дуюми ин маркази барқу гармидиҳӣ оғоз бахшида шуд.Дар сурати сохта ба кор дароварда шудани навбати дуюм, ки иқтидораш, тибқи лоиҳа 300 мегаватт аст, иқтидори пурраи барқии ин иншоот ба 400 мегаватт баробар хоҳад шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин оғози татбиқи ин тадбири муҳимро барои кулли мардуми Тоҷикистон, ба хусус сокинони шаҳри Душанбе, табрику таҳният гуфта, ин иншоотро яке аз парчамбардорони ҳамкории ду кишвар дар соҳаи энергетикаи барқӣ номиданд.Сипас сарварони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ҳамроҳ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими бошукӯҳи оғози сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин иштирок намуданд.Тавре зикр гардид, дарозии ин хатти газ дар ҳудуди Тоҷикистон 400 км буда, дар сохтмони он беш аз 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоӣ харҷ мешавад. Дар ҷараёни сохтмони ин иншооти азим, ки 3 сол идома меёбад, беш аз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин мешаванд ва аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Дар 47 мавзеи масири сохтмон ба дарозии умумии 76 км нақбҳо канда мешаванд, ки 24-тоаш аз зери об мегузарад.Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ-геологии ширкати давлатии нафту гази Чин (CNPC) ва шарикони дигари он дар Тоҷикистон натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд ва мо дар ояндаи наздик соҳиби газу нафти фаровони худӣ мешавем.Бо ёдоварӣ аз 16 санаде, ки имрӯз миёни Тоҷикистону Чин ба имзо расид, иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни татбиқи онҳо беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






