Нақши хазинаҳои бойгонӣ дар тафаккури зеҳнӣ
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ҳотами Шариф).-Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 300-солагии Ҳисор дар мавзеи «Истифодабарии ҳуҷҷатҳои хазинаи бойгонии миллӣ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар конфронс меҳмонон аз ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор ва Варзоб ҳузур доштанд. Дар назди ҳозирин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, донишманд Султонмуроди Одина дар мавзӯи «Таърихи фарҳанги Ҳисор дар саҳифаҳои ҳуҷҷатҳои хазинаи бойгонӣ», мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Зарина Меликова, директори Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» Зикрилоҳ Ҷобиров, директори осорхонаи ба номи М. Турсунзодаи деҳаи Қаратоғ Руҳулло Ҷӯрабоев ва дигарон дар бораи аҳамияти хазинаҳои бойгонӣ сухан гуфтанд.
Воқеан роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву хоҷагиҳо вазифадоранд, ки дар дастрас кардани санаду арқоми зарурӣ ба кормандони соҳаи бойгонӣ кумаки ҳамаҷониба расонанд, зеро ҳифзу мукаммал омӯхтани ҳар гӯшаи таърихи диёр на танҳо вазифаи ҷонии кормандони бойгонӣ, балки вазифаи ҳар шахси солимфикру ватандӯст низ ҳаст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






