Намоиши номгӯйи зиёди китобҳо дар Лоҳутӣ
Душанбе, 20.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Китобхонаи марказии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе намоиши китобҳои тозанашр хотирмон гузашт. Бахшида ба Рӯзи дониш, Рӯзи китоб, 90 — солагии шаҳри Душанбе, 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 23 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 20 — солагии Конститутсия (Сарқонун)-и кишвар номгӯйи зиёди китобҳо ба намоиш гузошта шуданд. Дар чорабинии фарҳангӣ хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 49-и ноҳияи Фирдасӣ фаъолона иштирок намуданд. Китобҳо таҳти унвонҳои «Истиқлолият — дастоварди беназири миллӣ», «Сарқонун — рисолаи тақдири кишвар», «Пойтахтам — тоҷу тахтам», «Салом мактаб», «Абдураҳмони Ҷомӣ — адиб, шоир ва донишманди бузург» ба намоиш гузошта шуданд








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






