Нашри китоби «Мададгори мудофиаи Ватан»

Сентябрь 16, 2014 15:29

Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба муносибати 20- солагии қабули Конститутсияи кишварамон китоби “Мададгори мудофиаи Ватан” — ро нашр намояд. Дар айни ҳол таълифи ин китоб идома дорад ва он дар арафаи анҷомёбист. 
Тавре ки котиби матбуоти кумита Абдурақиб Қодиров хабар дод, китоб  дар доираи Барномаи «Тарбияи  ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни   наврасону  ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2012 — 2015» ба табъ мерасад.
Китоби “Мададгори мудофиаи Ватан” аз бобҳои зерин иборат хоҳад буд:  рў  ба равнақи эҳсоси ватанхоҳӣ, тарбияи ҳарбӣ — ватандўстӣ дар замони истиқлол, анъанаҳои пуршарафи намудҳои ҳарбӣ — техникии варзиш дар Тоҷикистон ва амнияти роҳ — як ҷузъи амнияти Ватан.
 
 

Сентябрь 16, 2014 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!