Нашри маҷаллаҳои махсус дар арафаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар арафаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Вазорати корҳои хориҷӣ нашри махсуси маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ” /[attachment=24]/ ва маҷаллаи “Шанхайская организация сотрудничества: взгляд из Душанбе”-ро /[attachment=25]/ ба чоп расонд. Маҷаллаҳои мазкур ба соли раисии Тоҷикистон дар СҲШ бахшида шудаанд.
Дар нашри навбатии маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ” мақолаҳо оид ба фаъолият ва ҳамкориҳо дар доираи СҲШ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷамъ оварда шудаанд. Муаллифони мақолаҳо сиёсатмадорон, дипломатҳо ва ходимони ҷамъиятии шинохтаи ҷаҳон мебошанд. Инчунин дар маҷалла ҳуҷҷатҳои таърихии СҲШ ва аксҳоро аз рафти чорабиниҳои Созмон дар сатҳои гуногун дарёфт карда метовон.
Маҷаллаи “Шанхайская организация сотрудничества: взгляд из Душанбе” бо забонҳои русӣ, англисӣ ва хитоӣ чоп шуда, дар он ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ, инчунин ҳолат ва дурнамои Созмони ҳамкории Шанхай шарҳ дода шудаанд. Маҷалла зери назари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид.
Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷӣ барои омода намудани нашрҳои махсуси рӯзномаи “Аргументы и факты» ва маҷаллаи иттилоотӣ-таҳлилии «ИнфоШОС», ки ба Тоҷикистон ва СҲШ бахшида шудаанд, саҳми худро гузоштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






