Неъматулло Эмомзода ба Ҳасан Рӯҳонӣ эътимоднома супорид
Душанбе, 3.09.2014 (АМИТ «Ховар», Пайрави Қосим ).- 2 сентябри соли 2014 маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ баргузор гардид.Пас аз маросими супоридани Эътимоднома суҳбати Президенти Эрон бо Сафири нави Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он дуруду таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ расонида шуд.Дар мулоқот Президенти Эрон зикр кард, ки барои беҳтар шудани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба имкониятҳои зиёде вуҷуд доранд. Аз ҷумла, рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳсили донишҷӯён дар кишварҳои ҳамдигар ва истифодаи зарфияти имкониятҳои мавҷударо таъкид кард.Ҳамзамон аз муносибатҳои неку дӯстонаи таърихӣ ва фарҳангии дуҷониба ёдовар шуда, зикр намуд, ки Тоҷикистон барои Эрон шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.Сафири Тоҷикистон фароҳам кардани заминаҳои густариши равобити дуҷониба, махсусан дар заминаи иқтисодиро вазифаи худ дониста, зикр кард, ки сафари расмии Президенти Эрон ба Тоҷикистон ва иштироки ӯ дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай боиси тавсеаи бештари муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар хоҳад шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






