«Неруи сухан» дар даврони истиқлолият
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ба муносибати 23 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи мақолоти устодони соҳаи журналистика таҳти унвони «Неруи сухан» аз чоп баромад.
«Неруи сухан» аз маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи журналистика, таърихи матбуот ва тозагиҳои матбуоти имрӯз, адабиёт ва публитсистикаи тоҷик иборат буда, он аз навиштаҳои устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фароҳам оварда шудааст.
Китоб дар ҳаҷми 252 саҳифа бо теъдоди 100 нусха дар нашриёти «Ношир» мунташир гардид.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






