Нишаст дар Вазорати кишоварзӣ
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Пагоҳ, 23-юми сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бо иштироки масъулини соҳа дар мавзӯи «Таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2014-2015 ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ» нишаст доир мегардад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, дар мизи гирд сардорони раёсатҳои вазорат, мутахассисони масъули соҳа иштирок намуда, мавзӯи зеринро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки мутахассисони Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа вазъияти норасоии маҳсулоти мевагиву сабзавотро дар фаслҳои зимистону аввали баҳор мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳаи «Барномаи давлатии барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои захираи маҳсулоти тозаи кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019»-ро таҳия намудаанд ва баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор (вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии сармоягузорӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот») ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Гуфта мешавад, ки нишасти мазкур соати 10:00 оғоз мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






