Оғози ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов иштирок доранд.
Аз кишварҳои нозири СҲШ дар ин ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж иштирок доранд. Ҳиндустонро дар саммит вазири корҳои хориҷӣ Сушма Свараҷ ва Покистонро мушовири Сарвазир оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз намояндагӣ мекунанд.
Дар саммити сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе намояндагони кишварҳои шарики мубоҳисавии Созмон аз давлатҳои Беларус, Туркия, Шри-Ланка, инчунин созмонҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар саммит ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок мекунад.
Ёдовар мешавем, ки саммити сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанберо беш аз 500 журналисти хориҷӣ ва дохилӣ инъикос менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






