Оғози сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Душанбе, 13.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз ҳузури Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт.Маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат баргузор гардид. Ба ин муносибат дар саҳни Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани ҳамзамони сурудҳои миллии ду давлат ва 21 шиллик аз тӯпхонаҳо, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, арзи саломи меҳмони воломақом ба низомиён ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид.Ин маросими бошукӯҳ бо расми гузашти низомии ҷузътомҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфт.Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ ба имзо расидани 16 санад дар назар аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






