Оқибатҳои нохуш аз садамаҳо
Душанбе, 13.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар миқёси ҷумҳурӣ 11 сентябр се садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, ронандаи мошини тамғаи “Муссо” Фирӯз Мамадаминов, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯшон ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ-Қулма” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофираш Рауф Мамадраҳимов, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ванҷ дар дарё ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд. Барои дарёфт намудани ҷасади ронанда Ф. Мамадаминов корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.Инчунин дар ин рӯз ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” Бобоалӣ Тулаков, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи “Роҳи Нав” ба самти деҳаи С.Айнии ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ Туйчибек Болиев, соли таваллудаш 2005, сокини деҳаи Чкалови ноҳияи мазкурро пахш намуд. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.Ронандаи мошини тамғаи “Дейво-Сиело” Барот Назирмадов, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Хати Роҳ ба тарафи кӯчаи Корвонгузари Кӯлоб қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагард Неъмат Нурматов, соли таваллудаш 1950, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






