Омӯзиши фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар Хоруғ
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҳамкорӣ бо раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ барои такмил додани дониши кормандони агентӣ курсҳои даҳрӯза ташкил намуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ин ниҳод, ба курсҳои омӯзишӣ тамоми ҳайати шахсии раёсати агентӣ дар ВМКБ, аз ҷумла шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим ҷалб мешаванд.
Дарсҳо оид ба кор бо ҳайати шахсӣ ва фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, то 3 сентябр идома меёбанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






