Омӯзиши забони тоҷикӣ дар «Ширкати алюминийи тоҷик»
Турсунзода, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» барои омӯзиши забони давлатӣ, такмили забони тоҷикӣ барои коргузорӣ, тадбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Машғулиятҳои омӯзиши забони давлатӣ барои коргарон ва мутахассисони корхона мунтазам ба роҳ монда шудаанд.
Дар корхона шуъбаи тарҷума мавҷуд аст. Дар он мутахассисони варзида Садриддин Ҳидоятов, Қутбиддин Ҳидоятов ва номзади илмҳои филологӣ Абдуқодир Юнусов фаъолияти пурсамар доранд. Чанде қабл аз ҷониби онҳо «Луғати истилоҳоту мафҳумҳои корхона» иборат аз 12 ҳазор истилоҳу ибораҳо мураттаб гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






