Омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай

Сентябрь 12, 2014 10:53

Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯзҳо шаҳри Душанбе бинобар баргузории ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, зеро ин созмон тайи солҳои фаъолияти муассираш ба як ниҳоди басо соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба пойтахти Тоҷикистон роҳбарони давлатҳое ташриф овардаанд, ки дар онҳо беш аз нисфи аҳолии кураи замин зиндагӣ дорад.
Барои иштирок дар ҳамоиши душанбегии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар пойтахти Тоҷикистон сарони ҳамаи 6 давлати аъзои созмон-Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷуҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ва Президенти давлати мизбон, Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омадаанд. Ба онҳо роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои нозири созмон ва меҳмонони олимақоми дигар, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ ва Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Сартоҷ Азиз ҳамроҳ мешаванд. Дар кори ҳамоиш ҳамчунин намояндагони воломақом аз созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва роҳбарони сохторҳои кории Созмони ҳамкории Шанхай иштироки фаъол хоҳанд дошт.
Ҳамоиши мазкур дар бинои тозабунёди Кохи Наврӯз, ки ба як муъҷизаи санъати меъморӣ ва ороишии мардуми тамаддунофари тоҷик табдил ёфтааст, баргузор мегардад. Дар ин бинои муҳташам, ки бо зеботарин усулҳои меъмории бостонию муосир ва ороишоти дилошӯб ба мисли кандакории нақшу нигори назаррабо дар рӯйи чӯб, гач, санг, шиша ва ҳам ойина сохта шуда, оро ёфтааст, тамоми шароити зарурӣ барои баргузор намудани чунин ҳамоишҳои бузург ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ муҳайё мебошад.
Дар ҳамоиши навбатии сатҳии олии Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир, тартиби қабули аъзои нав ба созмон ва дигар масоили муҳим баррасӣ мешаванд.
Дар интиҳои ҳамоиш ба имзо расондани    Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узв, Стратегияи рушди созмон то соли 2025 ва дигар санадҳо дар назар аст.

Сентябрь 12, 2014 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад