Озмуни «Ҷило»-ҷилобахши Истиқлол
Душанбе, 4.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бахшида ба 23 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара озмуни ҳунармандони ҷавон таҳти унвони «Ҷило» доир гардид.
Озмуни мазкур бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара баргузор шуд.
Озмун дар се давра барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон гузаронида шуда, дар он 1800 нафар ҷавонону наврасони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳр иштирок намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, иштирокдорони озмун аз рӯи шартҳои рақсу сурудхонӣ ва намоиши ҳунари ровигию маҳорати актёрӣ миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Аз 1800 нафар ширкаткунанда ба даври дуюм 158 нафар ва ба даври ниҳоӣ 31 нафар роҳ ёфт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






