Пешгирии сӯхтор ва баррасии қоидаҳои бехатарии он
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар факултаи телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо иштироки кормандони мақомоти сӯхторнишонии вилояти Суғд ҷиҳати пешгирии сӯхтор мулоқоти судманд баргузор гардид. Сардори шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд, подполковники хизмати дохилӣ Рустам Мирзоев роҷеъ ба пешгирии сӯхтор гуфт, ки вазифаи асосии дастаи ихтиёрии оташнишонӣ иборат аз пешгирии сӯхтор ва хомӯш намудани он мебошад. Ҳангоми ба амал омадани ҳодисаҳои сӯхтор дастаи ихтиёрии оташнишонӣ вазифадор аст, ки ҳатман оид ба ҳодисаи нохуши сӯхтор ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар дода, то ҳозир шудани кормандони хадамоти оташнишонӣ ба хомӯш намудани сӯхтор шурӯъ намояд.
Сипас байни донишҷӯён ва намояндагони хадамоти сӯхторнишонӣ суҳбати озоду ошкоро сурат гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






