Пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон бар Уммон

Сентябрь 23, 2014 14:59

Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тими футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) дар охирин лаҳзаҳои бозии ниҳоии мусобиқоти гурӯҳӣ дар Бозиҳои Осиё дар Кореяи ҷанубӣ тавонист тӯбро вориди дарвозаи Уммон кунад ва ба даври баъдии мусобиқот роҳхат бигирад.  Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар бозии дуюми гурӯҳи «С» тими Фаластин, ки баъди ду даври аввал бо 6 имтиёз дар мақоми аввал буд, аз Сингапур шикаст хӯрд. Аммо бо ин вуҷуд тими Фаластин бо 6 имтиёз дар мақоми аввал монд. Тоҷикистон низ баъди пирӯзӣ бар Уммон соҳиби 6 имтиёз гардид.
Дар мусобиқаи футболи Бозиҳои XVII-и осиёӣ, ки то 2 октябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, 29 дастаи мунтахаби мардона (U-23) ширкат меварзад. 
Гуфта мешавад, тибқи регламент ё тартиби Бозиҳои осиёӣ дар мусобиқа футболбозони то 23-сола (соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд) иштирок мекунанд. Инчунин ҳар як даста ҳуқуқ дорад, ки се футболбози аз 23-сола болоро ба ҳайат ворид намояд. Ин се футболбози бузургсол — дарвозабон АлишерТӯйчиев, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳамлагар Дилшод Восиев мебошанд.
Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд. Панҷ гурӯҳ аз чаҳордастаӣ ва се гурӯҳ аз седастаӣ иборатанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд. Тоҷикистон акнун дар даври ҳаштякниҳоӣ бо Ироқ — ғолиби гурӯҳи «D» рақобат хоҳад кард.

Сентябрь 23, 2014 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад