Пленуми 4-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Федератсияи Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Пленуми 4-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар пленум масъалаи иҷрои қарори ҳукумати кишвар дар бораи ҷашни 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки дар пленум собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ аз вилояти Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд.
Зимни иштирок раисони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат аз манотиқи гуногуни кишвар доир ба омодагӣ ба қарори ҳукумати мамлакат дар бораи 70 -солагии ғалаба дар ҶБВ маъруза намуда, зикр намуданд, ки ба ифтихори ин ҷашн ба иштирокчиёни ҷангу меҳнат дар саросари кишвар кумаку дастгирӣ анҷом дода шуда истодааст.
Дар пленуми мазкур ҳамчунин панҷ нафар аз минтақаҳои гуногуни кишвар бо интихоби аъзон ба Раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат шомил гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






