Пленуми VI — уми ДОСААФ — и ИДМ
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 22 — 23 сентябри соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пленуми шашуми Иттиҳоди ҷамъиятҳои мудофиавӣ ва ҳарбӣ — техникии ИДМ доир мегардад. Иттиҳоди созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ — техникии ИДМ дар заминаи ДОСААФ -и Иттиҳоди Шўравӣ 23 октябри соли 1991 таъсис ёфта буд. Ҳозир он ҷамъиятҳои мудофиавии нўҳ давлати узви ИДМ — Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Қирғизистон, Ўзбекистон ва Украинаро муттаҳид мекунад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КМТҶММ, дар айни ҳол дар ҳайати Иттиҳод 2700 кумитаи шаҳрию ноҳиявӣ, наздики 900 муассисаи таълимӣ, зиёда аз 5 миллион аъзо муттаҳид шудаанд. Дар сохторҳои иттиҳод ҳамасола зиёда аз 200 ҳазор мутахассис барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва беш аз 1 миллион 100 ҳазор нафар мутахассиси касбҳои оммавӣ — техникӣ омода мешавад. Зиёда аз 2 миллион нафар бо варзишҳои авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ — амалӣ машғуланд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






