Президент: «Таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои зарурӣ кам аст»

Сентябрь 1, 2014 15:56

Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Имсол аввалин бор дар кишвар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тавассути имтиҳоноти марказонида дохил шуданд.
Таҳлили пешакии натиҷаҳои имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нишон дод, ки аз 45 909 нафар довталаб ҳамагӣ 29694 нафар аз ҳадди муайяншуда (холи гузариш) бештар хол гирифт, ки ба 64,7 фоиз баробар мебошад.
Таҳлили фарогирии довталабон вобаста ба минтақаҳо нишон дод, ки аз 29 694 нафари холи мусбатгирифта 13,3 фоиз аз шаҳри Душанбе, 17,2 фоиз аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, 30,2 фоиз аз вилояти Суғд, 34,1 фоиз аз вилояти Хатлон ва 5,2 фоиз аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд», — зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронии хеш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.
Э. Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки муқоисаи таҳлили мазкур бо шумораи хатмкунандагони синфи 11 нишон медиҳад, ки ба таври умумӣ таносуби минтақаҳо риоя шуда, фаъолнокии бештари хатмкунандагон аз шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба чашм мерасад.
Ҷараёни қабули имтиҳонҳои марказонидаи имсола собит намуд, ки баҳои гузоштаи омӯзгорон ба дониши воқеии хонандагон мувофиқат намекунад, яъне сатҳи дониши толибилмон хеле паст аст. Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баъзе омӯзгорон ҳангоми баҳогузорӣ ба дониши шогирдон бемасъулиятӣ зоҳир намуда, талаботи баҳогузориро риоя намекунанд.
Ҳамчунин хонандагони имрӯза дар интихоби касб на ҳамеша озод буда, дар ин самт бештар ба орзуву ҳаваси волидайн такя мекунанд.
Аз ҷумла, имсол аз 52 ҳазору 406 ҳуҷҷати воридшуда қариб 31 ҳазори он ба ихтисосҳои тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ рост омада, ба ихтисосҳои барои кишварамон зарурӣ таваҷҷуҳ ниҳоят кам буд.
Ғайр аз ин, донишу малакаи довталабон аз фанҳои табииву риёзӣ ва информатика дар сатҳи хеле паст қарор дошта, бо ин сабаб беш аз 16 ҳазор довталабон ҳадди поёнтарини муайяншударо гузашта натавонистанд.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки барои бартарафсозии камбудиҳои зикршуда чораҳои таъхирнопазир андешида, якҷо бо Маркази миллии тестӣ фаъолияти худро дар ҷодаи интихоби касб тақвият бахшанд.
 
 

Сентябрь 1, 2014 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад