Рӯдакӣ ва суннатгароӣ дар адабиёти тоҷику форс
Душанбе, 20.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Эрон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон 22 сенябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Рӯдакӣ ва суннатгароӣ дар адабиёти тоҷику форс” конфронси байналмилалӣ доир мегардад.
Тавре ки аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ доданд, дар назар аст дар конфронс доктор Асғари Додбеҳ аз Эрон дар мавзӯи “Рӯдакӣ ва ҳуввияти миллӣ”, доктор Қамар Ғаффор аз Ҳиндустон дар мавзӯи “Рӯдакӣ- шоири таъсиргузор”, доктор Орифи Навшоҳӣ аз Покистон дар мавзӯи “Ашъори навёфтаи устод Рӯдакӣ” ва Низомиддин Зоҳидӣ аз Тоҷикистон дар мавзӯи “Ривоҷи маснавӣ дар шеъри Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ” маърӯзаҳо шунида шаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






