Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз шаҳри Душанбе баргашт

Сентябрь 14, 2014 15:04

 
Душанбе, 14.09.2014 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пас аз иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ аз шаҳри Душанбе баргашт.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олимақом, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ бонуи аввали Чин Пен Лиюанро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бонуи аввали Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Зимни мулоқоти кӯтоҳе, ки дар толори меҳмонони олимақоми фурӯдгоҳи Душанбе баргузор шуд, сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории Шанхай ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бори дигар баҳои баланд доданд.
Тавре аён мегардад, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ҳамсари ӯ, бонуи аввали Чин Пен Лиюан ва ҳайати расмию ҳамроҳи онҳо аз Тоҷикистон бо як ҷаҳон таассуроти фораму гуворо бармегарданд.
Дар воқеъ боздиди нахустини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз Тоҷикистон басо пурмаҳсул шуд, зеро дар ҷараёни татбиқи амалии санадҳои дар ин сафар миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва ҳамшарики стратегӣ баимзорасида беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад, даҳҳо иншооти бузурги саноатӣ бунёд мешавад ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Сентябрь 14, 2014 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд