Рамз ва Рӯзи шаҳри Хуҷанд қабул гардид
Душанбе, 27.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд рамзи шаҳрро қабул намуда, 25-уми сентябрро Рӯзи шаҳри Хуҷанд муқаррар кард.
Дар Иҷлосияи 18-уми даъвати чаҳоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Рамз ва Рӯзи шаҳрро муқаррар карданд. Минбаъд ҳар сол 25-уми сентябр ҳамчун Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.
Гуфта мешавад, як сол қабл мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои тайёр кардани лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр» озмун эълон кард.
Ба озмун зиёда аз 150 тарҳи «Рамзи шаҳри Хуҷанд» пешниҳод гардид. Дар натиҷа аз байни тасвирҳои расида, амали рассом — Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Маҳмудов мавриди пешниҳод қарор гирифт, ки дар он рамзи Хуҷанд чунин тасвир ёфтааст.
1. «Рамзи шаҳри Хуҷанд» — рамзи фарҳанги ғанӣ ва ҳунармандии Хуҷанд — Хуршедшаҳр.
2. Офтоб — бо шуои худ рамзи қадимтарин шаҳр ва номгӯи гузаштаи он шаҳри офтобиро ифода мекунад.
3. Китоб — дар хеш ҳам маърифатнокӣ ва ҳам кишвари кӯҳсор будани шаҳри Хуҷандро таҷассум менамояд. 4. Қалъа — рамзи истеҳком, устувории миллат дар роҳи озодӣ ва мустаҳкамии иродаи халқро дар роҳи ободӣ ифода мекунад.
5. Дарвозаи кушод — нишонаи дӯстхоҳӣ, меҳмоннавозӣ ва ҳамраъйи дар роҳи рафоқат бо кулли башар.
6. Дарё — дарёи Сир, Сайҳун боиси гул — гулшукуфии кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, рамзи идомаи ҳаёт, сарсабзии диёр, пайванди миллатҳо ва рӯҳияи ободгароиро таҷассум менамояд.
7. Парчам — рамзи истиқлолияти миллат буда, пайванди гузаштаву имрӯзу фардои халқро таҷассум менамояд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






